Ссылки доступа

Хароҷоти якмоҳаи ман 500 доллар аст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Навбатпоӣ барои билети «Онай». Дар Алмато аз ибтидои соли хониш барои дарёфти билетҳои ройгони "Онай"-и нақлиёти ҷамъиятӣ навбатпойии тӯлонӣ мушоҳида мешавад (видео)

- Хароҷоти якмоҳаи ман 500 доллар аст. Дар Тоҷикистон то кунун 30 дарсади мардум фақир ҳисоб мешаванд ва рӯзона аз 3 доллар камтар харҷ мекунанд. Пурсиш аз раҳгузарон дар Душанбе: моҳона чанд пул харҷ мекунед? (видео аз Директ)

- Тафтиши ҷиддӣ қабл аз вуруд ба мактабҳои Душанбе. Минбаъд муҳассилин дар шаҳри Душанбе танҳо баъди тафтиши дохили сумкаҳояшон ба мактаб ё донишгоҳ роҳ меёбанд. Таҷрибаи мазкур дар чанд мактаб ва донишгоҳи пойтахт роҳандозӣ шудааст ва шогирдон пеш аз вуруд ба мактаб тафтиш мешаванд. Навор бидуни шарҳ аст ва дар мактаби рақами 20 бардошта шудааст (видео аз Директ)

- Чаро созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон аз байн мераванд? Намояндагони чанде аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омаданд ва аз мушкилготи ин созмонҳо гуфтанд, ки ҳоло ба сабаби набуди маблағ наметавонанд, ба доди мардуми мӯҳтоҷ бирасанд (видео аз Директ)

- Раиси Дарвоз: “Сардори фурудгоҳ аз касалии дил вафот кард”. Мақомоти ҳукумати ноҳияи Дарвози Бадахшон мегӯянд, Дилдор Мақсудшоев – сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, рӯзи 13-уми сентябр, дар пайи бемории қалб даргузашт (видео)

- Нархи нирӯи барқ 2.2 дирам боло рафт. Сокинони Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр барои ҳар киловатт соат нирӯи барқ тақрибан 17-дирамӣ пардохт хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир нархи ҳар киловатт соат нирӯи барқ барои аҳолӣ 14,65 дирам арзиш дорад (видео)

- Абхазистон ва Қрим: ҳудудҳои ғасбшуда чи рӯзгоре доранд (видео аз Директ)​

- Оташзанӣ ба хотири шоҳ. Чаро таҳдид ва ҳамлаи тундгароҳои православи Русия бе ҷазо мемонад (видеои Настоящее время)

- Марина Шагуч ва Александр Хайндрава: "Опера ҷовидонист!". Ситораҳои театри Мариин дирижер Александр Хаиндрава ва овозхон Марина Шагуч чанд сол пеш дар Прага Академияи байналхалқии санъати операро таъсис доданд (видео)

​- "Кӣ медонад чӣ мешавад, шояд ногаҳон ҷанг шавад?" Белорусҳо дар бораи размоишҳои муштараки "Ғарб-2017" бо Русия (видеои Настоящее время)

- Вейшнория: ин чи "кишвари меҳмоннавоз" аст, ки Русия дар доираи размоишҳои "Ғарб-2017" бо он меҷангад?​ (видео аз Директ)

- Хиёбони Зарядйе дар наздикии Кремл натавонист аз уҳдаи харобкорон барояд (видеои Настоящее время)

- Қабарда - Русия, 460 сол ҳамроҳӣ (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG