Ссылки доступа

Таҳдиди Куриёи Шимолӣ: Ҷопонро "зери об"-у ИМА-ро "хокистар" мекунем


Хабаргузории давлатии Куриёи Шимолӣ таҳдид кард, ки Пхенян дар посух ба таҳримҳои нави Шӯрои амнияти СММ барои зери об кардани Ҷопон ва ба "хокистар" табдил додани Иёлоти Муттаҳида аз силоҳи ҳастаӣ истифода хоҳад кард.

Кумитаи сулҳи Осиё ва уқёнуси Ороми Куриё -- масъули равобити хориҷӣ ва таблиғоти Куриёи Шимолӣ ба парокандашавии Шӯрои амнияти СММ, ки ба гуфтаи он, як "абзори бадӣ" аст, даъват кард. Ин ниҳод гуфт, шӯро аз 5 кишваре иборат аст, ки бо пул хариданашон имкон дорад ва ҳамеша тартиби муқаррарнамудаи ИМА-ро иҷро мекунанд.

Дар иттилоияи хабаргузории марказии Куриё омадааст, "чаҳор ҷазираи Ҷопон бо шарофати бомбаи ҳастаие, ки дар асоси идеяи чучхе сохта шудааст, дар баҳр ғарқ хоҳанд шуд. Ҷопон набояд дигар дар канори мо мавҷуд бошад".

Чучхе идеологияи ҳоким дар Куриёи Шимолӣ аст, ки бунёдгузори он Ким Ир Сен -- падарбузурги президенти кунунии ин кишвар буда, марксизм ва шакли ифротии миллатгароии инзивоталабонаро ба ҳам мепайвандад.

Вазъ дар Осиёи Шимолӣ баъди он бадтар шуд, ки Куриёи Шимолӣ 3 сентябр озмоиши шашум ва нирӯмандтарини ҳастаии худро анҷом дод. Шӯрои амнияти СММ, ки аз 15 кишвар иборат аст, якдилона қатъномаи ИМА-ро зидди Пхенян ҷонибдорӣ кард. Он содироти маҳсулоти нассоҷии Куриёи Шимолиро манъ ва интиқоли маҳсулоти нафтиро маҳдуд мекунад.

XS
SM
MD
LG