Ссылки доступа

ИА таҳримҳо барои нақзи соҳибихтиёрии Украинаро тамдид кард (видео)


Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳримҳои зидди созмон ва шахсонеро, ки гумон меравад, дар нақзи соҳибихтиёрии Украина даст доранд, то 15 марти соли 2018 тамдид кард. Брюссел гуфт, Шӯрои ИА баъди баррасии вазъ дар Украина омилеро пайдо накард, ки ба лағви таҳримҳо таҳрик диҳад.

Ба рӯйхати нави таҳримшудаҳо 149 шахси воқеию 38 ҳуқуқӣ шомиланд. Дар миёни онҳо номи сиёсатмадорону фаъолони мадании рус, раҳбарони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетску Луганск ва намояндагони ҷудоихоҳон низ ҳастанд.

Номи сафири нави Русия дар Иёлоти Муттаҳида Анатолий Антонов низ ҳанӯз дар ин рӯйхат мавҷуд аст. Танҳо се нафар, ки фавтидаанд, аз рӯйхат берун карда шуданд.

ИА соли 2014, баъди ишғоли Қрим зидди Русия таҳрим эълом кард. Муҳлати таҳримҳо бори охир моҳи август ба далели интиқоли дастгоҳҳои Siemens ба Қрим тамдид шуд. Москва иддаои таҷовузкорӣ зидди Украина ва ҳимоят аз ҷудоиталабонро дар Донбасс рад мекунад.

Посол России в США остался под санкциями Евросоюза
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:02 0:00

XS
SM
MD
LG