Ссылки доступа

Назарбоев шартҳои фиристодани посдорони сулҳро ба Сурия номбар кард


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо рӯзноманигорон дар Остона дар бораи шартҳои фиристодани нерӯҳои посдори сулҳи кишвараш ба Сурия изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Назарбоев, масъалаи фиристодани артиши қазоқ ба Сурия танҳо дар сурати тасмими СММ дар бораи фиристодани нерӯҳои посдори сулҳ баррасӣ хоҳад шуд.

"Ин масъаларо аз мо пурсиданд. Нахуст, бар пояи Конститутсияамон мо танҳо бо розигии порлумон метавонем ба "минтақаҳои доғ" нерӯ фиристем. Сониян, бар асоси оинномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ширкати чунин нерӯ пешбинӣ нашудааст. Аммо агар СММ дар бораи фиристодани нерӯҳои посдори сулҳ қарор қабул кунад, пас мо ҳамчун узви СММ, метавонем ба онҷо низомӣ фиристем", - гуфт Назарбоев.

Вай ҳамчунин гуфт, ки Қазоқистон ҷонибдори бо роҳи осоишта ҳал кардани масъала аст. "Ман фикр мекунам, то фаро расидани сулҳ роҳи тӯлонӣ дар пеш аст, аммо ҳар кишвар вобаста ба имконоташ бояд кумак расонад ва мо ҳам қисмати кори худро анҷом медиҳем, ман фикр мекунам, ки ин корро бояд идома диҳем", - гуфт вай.

Ин изҳороти Назарбоев дар ҳоле садо медиҳад, ки дар шаҳри Остона даври нави гуфтугӯҳои сулҳи Сурия шуруъ шудааст. Дар ин гуфтугӯҳо таъсиси минтақаҳои амн дар вилояти Идлиби Сурия баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG