Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон хонаҳои аз сокинон мусодирашударо ба кормандони пулис медиҳанд


Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон хабар дод, ки 10 сентябр дар шаҳри Тошканд маросими супоридани калиди хона ва мошин ба 150 нозири минтақавӣ баргузор шуд. Манбаъ гуфт, ин хонаву мошинҳо аз ҳисоби қарзҳои боимтиёз барои кормандони пулис харидорӣ шудаанд.

Вале рӯзноманигори мустақил аз Тошканд Алексей Волосевич мегӯяд, ба нозирони минтақавии ӯзбек калиди манзилҳои зисте тақдим шуд, ки давлат аз сокинон мусодира кардааст.

"Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон амалан фармони президенти ин кишварро дар бораи таъмини кормандони пулис бо хона иҷро карданд. Барои иҷрои фармон танҳо 137 "фасодхона"-ро ошкор ва манзилҳои зистро ҳамчун далели шайъӣ мусодира карданд", - афзуд Волосевич.

Ёдрас мешавем, дар фармони президенти Ӯзбекистон ба мақомоти маҳалҳо омадааст, ки нозирони минтақавӣ аз ҳисоби хонаҳои дар ихтиёри давлат буда бо манзилҳои зисти хидматӣ таъмин карда шаванд.

Як масъули ширкате, ки барои кормандони ВКД Ӯзбекистон либосҳои хидматӣ ва молҳои маишӣ ворид мекунад, гуфт, вазорат дар ҳоли ҳозир барои харидории манзил маблағ надорад ва дар ҳисоби мақомоти маҳалҳо низ хонаҳои холӣ намондааст.

"Бинобар ин, дар мувофиқа бо "боло" ба кормандони пулис мошину хонаҳое тақдим мешавад, ки аз сокинон мусодира шудаанд. 10 сентябр 150 корманди ВКД соҳиби манзил шуд. То охири сол дасти кам 500 корманди ҳифзи ҳуқуқ бояд бо хона таъмин карда шаванд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG