Ссылки доступа

Беш аз сад варзишгари ҳиндуро барои иштирок дар Осиё-2017 ба Ишқобод роҳ надоданд


Ба беш аз 100 варзишгари ҳинду, ки барои иштирок дар 5-умин Бозиҳои осиёӣ озими шаҳри Ишқобод буданд, иҷозат дода нашуд, то аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Делҳӣ ба пойтахти Туркманистон парвоз кунанд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, варзишгарон барои он натавонистанд, парвоз кунанд, ки иҷозатномаи махсуси Вазорати варзиши Ҳиндустонро барои иштирок дар мусобиқаи мазкур надоштанд.

Қарор буд, ин варзишгарон дар мусобиқоти Ишқобод Ҳиндустонро дар навъҳои варзише, аз қабили самбо, ҷиу-ҷитсу, рақсҳои варзишӣ ва муҳорибаи анъанавӣ намояндагӣ кунанд, ки Кумитаи олимпии ин кишвар онҳоро эътироф намекунад.

Вазорати варзиши Ҳиндустон аз посух ба дархости Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи тақдири иштироки варзишгарони он кишвар дар 5-умин Бозиҳои осиёӣ, ки қарор аст, 17 сентябр оғоз шавад, худдорӣ кард.

Вале рӯзи панҷшанбе хабар расид, ки раванди расмиёти додани иҷозатнома ба ин варзишгарон шуруъ шудааст. Маълум нест, ки онҳо сари вақт ба мусобиқа хоҳанд расид ё не. Чун расмиёти додани иҷозатнома чанд рӯз тӯл хоҳад кашид.

Ташкилкунандаҳои 5-умин Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод аз ибтидо хабар дода буданд, ки қарор аст, дар ин чорабинӣ ҳудуди 6000 варзишгар иштирок кунад. Тибқи арзёбиҳои гуногун, мақомоти туркман барои омодагӣ ба баргузории Осиё-2017 аз 10 то 15 миллиард доллари ИМА сарф кардаанд.

XS
SM
MD
LG