Ссылки доступа

Даври шашуми гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона идома дорад


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон даври шашуми гуфтугӯҳои сулҳи Сурия бо ширкати Русия, Эрон ва Туркия идома дорад. Сарфи назар аз зиддияти ИМА ба ширкати ҳайати Эрон дар нишасти Остона, намояндагони Амрико вориди Қазоқистон шуданд. Дар ҳамин ҳол намояндагони ИМА аз ширкати Эрон дар гуфтугӯҳо ва шомили кишварҳои "кафил" будани он, изҳори нигаронӣ карданд.

Гуфтугӯҳои Остона дар алоҳидагӣ аз гуфтугӯҳои Женева сурат мегирад. Музокироти Женеваро СММ роҳбарӣ мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки коршиносон дар робита ба фиристодани нерӯҳои посдори сулҳи Русия, Эрон ва Туркия ба минтақаҳои амни Сурия машварат мекунанд. Дар ин гуфтугӯҳо танзими амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳои амн ва ташкили нерӯҳои нозир дар вилояти Идлиби Суруия баррасӣ мешавад.

Намояндаи мақомоти Русия гуфт, ки Москва мехоҳад, дар вилояти Идлиб бо ҳадафи назорати оташбас пулиси низомӣ фиристад. Расонаҳо менависанд, Русияву ИМА дар Остона мулоқоти дуҷониба баргузор хоҳанд кард.

Аз ҷониби Русия дар ин гуфтугӯҳо намояндаи махсуси президент дар умури Сурия Александр Лаврентев ва аз ҷониби ИМА ёвари котиби давлатӣ дар масъалаи Шарқи Наздик Дэвид Саттерфлид ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG