Ссылки доступа

Путин ва Отамбоев дар Сочии Русия мулоқот карданд


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар доираи сафари кориаш ба шаҳри Сочии Русия 14 сентябр бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард. Дар ин мулоқот Отамбоев аз имкони баррасӣ шудани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори хушҳолӣ кардааст.

"Ҳар имкони баррасӣ кардани муносибатҳои дуҷониба муҳим аст. Ман хушҳолам ва инро пинҳон намекунам. Дар мулоқоти охирамон дар шаҳри Москва мо масъалаи ҳуҷҷатҳои ронандагӣ барои муҳоҷирон ва масоили дигарро баррасӣ кардем. Ҳамаи ин ҳал мешавад. Мехостам, чунин масъалаҳо дар муҳлате, ки ман дар ихтиёр дорам, ҳарчи бештар ҳал шаванд. Ман хушҳолам, ки то моҳи декабр мо чанд мулоқоти дигар хоҳем дошт. Ман фикр мекунам, мо бояд коре кунем, сатҳи ҳамкориҳои мо дар ҳамин мавқеъ, ки мо ба он даст ёфтем, рушд ёбанд", - афзуд Отамбоев.

Владимир Путин дар навбати худ гуфт, вай низ аз ин мулоқот хушҳол аст.

"Дидорҳои мо ба таври мудовим давом мекунанд ва ин хуб аст, зеро ҳамеша мавзуи гуфтугӯ муҳайёст. Ҳаҷми муносибатҳо, ҳамкориҳои мо густариш меёбад, ба ин хотир ҳамеша масъалаҳои доғ пайдо мешаванд, ки бояд ба таври фаврӣ баррасӣ гарданд", - афзуд Путин.

Ба гуфтаи Путин, бо ворид шудани Қириғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё фаъол гардидани робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои дигари узви иттиҳод мушоҳида мешавад. "Ин тамоюли мусбат аст, аммо мо бояд ба бархе аз масъалаҳо нигоҳи ҷиддитар дошта бошем", - афзуд вай.

XS
SM
MD
LG