Ссылки доступа

NRC: Дар паноҳгоҳи Мавсил 31 хонаводаи тоҷик шиносоӣ шуд


Созмони Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон мегӯяд, баъди чанд рӯзи шурӯи ҳисоби гурезаҳо дар як қароргоҳи изтирорӣ дар шаҳри Мавсили Ироқ, мушаххас шудааст, ки дар миёни онҳо 31 хонаводаи тоҷикистонӣ ҳам ҳузур доранд.

Пештар хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки мақомоти Ироқ ҳудуди 1 ҳазору 400 зан ва кӯдаки ҷангиёни хориҷии гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро дар қароргоҳе нигаҳ медоранд, ки миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Русия низ ҳастанд.

Занону кӯдакон хонаводаҳои ҷангиёни ДИ ҳастанд, ки дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои Ироқ дар шаҳру навоҳии зери идораи тундравон, аз ҷумла Мавсил боздошт шудаанд. Ҳоло онҳо дар як қароргоҳ, воқеъ дар ҷануби ин шаҳр нигаҳдорӣ мешаванд. "Миёнашон шумори хеле ками шаҳрвандони Фаронса ва Олмон низ дида мешавад", - афзуд Reuters .

Меланӣ Мархам, сухангӯи Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон, ки аз Ироқ сӯҳбат мекард, гуфт, мақомоти ироқӣ бозпурсӣ ва таҳияи рӯйхати занону кӯдаконро тақрибан ба поён расондаанд. Ба гуфтаи ӯ, то ҳол 31 хонавода худро ба ҳайси шаҳрванди Тоҷикистон ва 16 хонавода аз Ӯзбекистон муаррифӣ кардаанд.

Меланӣ Мархам мегӯяд, хонаводаҳои тоҷик аз 1 то 6 узв доранд ва ҳар хонаводаро занон раҳбарӣ мекунанд. "Ҳанӯз имкони сӯҳбат бо ин паноҳандагонро надорем, чунки ба кумаки як тарҷумони форсизабон ниёз дорем ва бештари онҳо бо худ ҳуҷҷат надоранд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Мақомоти Тоҷикистон ҳоло тасмим доранд, ки занону кӯдакони ҷангиёни тоҷикро ба ватан баргардонанд. Пештар як манбаъ дар Додситонии кулли кишвар гуфт, онҳо ҳоло таҷрибаи Қазоқистонро дар бораи баргардонидани шаҳрвандони худ аз Сурия ва Ироқ меомӯзанд.

"Роҳҳои гуногунро баррасӣ дорем. Шояд шевае, ки ҳукумати Қазоқистон пеш гирифтааст, онро мо низ амалӣ кунем. Қазоқҳо гуруҳи ҳукуматӣ ташкил карда ва аз ин тариқ ба Сурияву Ироқ мераванд ва шаҳрвандонашонро бармегардонанд", - афзуд манбаъ.

XS
SM
MD
LG