Ссылки доступа

Чаро созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон аз байн мераванд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 14-уми сентябри 2017 (HD)

- Настоящее Время. Осиё – 15 сентябр. Президенти Қазоқистон гуфт, беқурбшавии якбораи танга хатар надорад. Ҳамсари ронандае, ки зери чархи мошини сафорати Русия дар Қирғизистон ҷон дод, ҳанӯз ҷубронпулии ваъдашударо нагирифтааст. Мақомоти Душанбе сокинонро вазифадор карданд, ки дар хонаҳояшон батарея насб кунанд. (видео)

- Раиси Дарвоз: “Сардори фурудгоҳ аз касалии дил вафот кард”. Мақомоти ҳукумати ноҳияи Дарвози Бадахшон мегӯянд, Дилдор Мақсудшоев – сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, рӯзи 13-уми сентябр, дар пайи бемории қалб даргузашт. (видео)

- Хароҷоти якмоҳаи ман 500 доллар аст. Дар Тоҷикистон то кунун 30 дарсади мардум фақир ҳисоб мешаванд ва рӯзона аз 3 доллар камтар харҷ мекунанд. Пурсиш аз раҳгузарон дар Душанбе: моҳона чанд пул харҷ мекунед? (видео аз Директ)

- Тафтиши ҷиддӣ қабл аз вуруд ба мактабҳои Душанбе. Минбаъд муҳассилин дар шаҳри Душанбе танҳо баъди тафтиши дохили сумкаҳояшон ба мактаб ё донишгоҳ роҳ меёбанд. Таҷрибаи мазкур дар чанд мактаб ва донишгоҳи пойтахт роҳандозӣ шудааст ва шогирдон пеш аз вуруд ба мактаб тафтиш мешаванд. Навор бидуни шарҳ аст ва дар мактаби рақами 20 бардошта шудааст (видео аз Директ)

- Чаро созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон аз байн мераванд?Намояндагони чанде аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омаданд ва аз мушкилготи ин созмонҳо гуфтанд, ки ҳоло ба сабаби набуди маблағ наметавонанд, ба доди мардуми мӯҳтоҷ бирасанд (видео аз Директ)

- Нархи нирӯи барқ 2.2 дирам боло рафт. Сокинони Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр барои ҳар киловатт соат нирӯи барқ тақрибан 17-дирамӣ пардохт хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир нархи ҳар киловатт соат нирӯи барқ барои аҳолӣ 14,65 дирам арзиш дорад. (видео)

- Агар ман ӯро намекуштам, ӯ маро мекушт. Насим Мирзоев, як ҷавоне аз Муминободро мақомоти интизомӣ барои куштани як мори азиме бозпурсӣ кардаанд. Худаш ба Радиои Озодӣ гуфт, аз тарси ҷонаш сари морро бо дос кӯфт ва гурехт. Видеои мори афъии олуда ба хун баҳори имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаёҳуе барпо кард. (видео)

- Ҷони худро дар хатар гузошта, филмҳои афғониро аз чанголи Толибон наҷот доданд. (видео)

- Apple телефони нави iPhone X-ро муаррифӣ кард. (видео)

- Пахш карда кушт, $10 ҳазор пешниҳод кард ва аз кишвар рафт. Чи гуна ронандаи мудири "Роснефт" аз ҷавобгарӣ озод мешавад. (видеои Настоящее время)

​- Чи гуна Гурҷистон бо фасод мубориза бурд ва пирӯз шуд: дорухати тими Саакашвилӣ. (видеои Настоящее время)

- Мухолифон беэътибории натиҷаи интихоботро талаб доранд. 5 номзади мустақил ба мақоми вакилии маҷлиси ноҳиявии Левобережнийи Москва "Русияи воҳид"-ро ба сӯистифода аз манобеи расмӣ айбдор карданд. (видео аз Директ)

- Куштори Немтсов: фармоишгарро пайдо мекунанд? (видеои Настоящее время)

- Дар Қрим фаъолон ҷаримаро бо 130 кило танга пардохт карданд. Фаъолони ҳаракати "Ҳамраъйии Қрим" дар Боғчасарой 14 сентябр дар доираи иқдоми "марафони Қрим" ҷаримаи Зарем Умеровро супориданд, ки додгоҳ ӯро барои ҷонибдорӣ аз Украина дар навиштаҳояш ба пардохти 300 ҳазор рубл вазифадор кард. (видео аз Директ)​

- Тундбод дар пахши мустақим: чи гуна ТВ-ҳои амрикоӣ хабарнигоронро ба минтақаҳои хавфнок мефиристанд. (видеои Настоящее время)

- "Сенарияе, ки солҳои 80-ум дида будем". Дар Белорус бузургтарин размоиши низомии ин кишвар бо Русия -- "Ғарб-2017" оғоз шуд. Марҳалаи авҷи он тавре вазорати дифоъ мегӯяд, рӯзи 17 сентябр шуруъ хоҳад шуд. (видео аз Директ)

- Дуздидашудаҳои Қрим дар бораи шиканҷа (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG