Ссылки доступа

"Хабарнигорони бидуни марз" ҳукми зиндони рӯзноманигор Сапановро маҳкум карданд


Созмони байналмилалии "Хабарнигорони бидуни марз" 14 сентябр бо нашри як изҳорот ҳукми 4 соли зиндони рӯзноманигор Зулфиқор Сапановро дар Қирғизистон маҳкум карда, аз мақомоти ин кишвар даъват кард, ки ӯро озод кунанд.

"Зиндонӣ шудани Зулфиқор Сапанов барои озодии баён дар Қирғизистон хатари бесобиқа дорад. Мо ҳукми зиндони рӯзноманигорро маҳкум карда, аз додгоҳ талаб дорем, ки ӯро зуд озод кунад", - гуфт сардори шуъбаи ин созмон дар умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Иоганн Бих.

Сапанов соли 2016 китоберо бо номи "Кидир санжираси" чоп кард, ки вокунишҳоеро ба бор овард. Намояндагони як қатор созмонҳои динӣ ба Кумитаи амнияти Қирғизистон муроҷиат карда, хостори чораандешӣ шуданд. Дар натиҷа зидди рӯзноманигор бо ҷурми ангехтани бадбинии нажодӣ ва динӣ парванда боз шуд.

Додгоҳ 12 сентябри соли равон Сапановро дар ангехтани бадбинии миллӣ ва динӣ айбдор эълом ва 4 сол аз озодӣ маҳрум кард.

"Хабарнигорони бе марз" дар раддабандии имсолаи худ, Қирғизистонро дар қатори кишварҳое қарор доданд, ки аз нигоҳи озодии баён "мушкил" доранд. Ин кишвар дар раддабандии соли гузашта миёни 180 давлати дунё мақоми 85-умро касб карда буд. Имсол се зина поин рафта, мақоми 89-умро ишғол намуд.

XS
SM
MD
LG