Ссылки доступа

Мирзиёев бо даъвати Бердимуҳаммадов ба Ишқобод меравад


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 17 сентябри соли равон аз Туркманистон боздид хоҳад кард. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ доданд.

Мирзиёев дар ҷараёни ин сафар дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон иштирок хоҳад кард.

Ҳамчунин интизор меравад, президенти Ӯзбекистон бо раҳбарони як қатор кишварҳои хориҷӣ дар Ишқобод мулоқоти дуҷониба анҷом диҳад.

5-умин Бозиҳои осиёӣ аз 17 то 27 сентябри соли равон дар Ишқобод баргузор мешаванд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар ин мусобиқаҳо аз Ӯзбекистон 189 варзишгар иштирок хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG