Ссылки доступа

Боздошти як сокини Тошканд барои латтукӯби батакрори табибони "Ёрии таъҷилӣ"(аудио)


Сокини 36-солаи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Абдумалик Каримов бо гумони латту кӯби корманди "Ёрии таъҷилӣ", ки бо даъвати худи ӯ барои муойинаи фарзандаш омада буд, боздошт шудааст. Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, табиб дар беморхона бистарӣ аст.

Зидди Абдумалик Каримов, сокини ноҳияи Мирзо Улуғбеки Тошканд бо банди 277 (Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парванда боз шудааст. Ин ҳодисаро, ки 10 сентябр дар хонаи Каримов рух додааст, кормандони ёрии таъҷилӣ сабт ва баъдан расонаӣ кардаанд.

Он рӯз табиби "Ёрии таъҷилӣ" Зафар Қаюмов ва фелдшер Темур Ҳикматов барои муойинаи кӯдак ба хонаи Каримовҳо ҳозир мешаванд. Тавре аз сабти гуфтугӯи ҷонибҳо бар меояд, Каримов ба шеваи муойинаи фарзандаш норозигӣ карда, аз табибон талаб мекунад, ки кӯдакро ба беморхона баранд ва Қаюмовро як зарба мезанад.

Ба иттилои расонаҳо, Қаюмов дар натиҷаи ба замин афтодан, ба сандуқи тиббӣ бархӯрда, сараш ҷароҳат дидааст. Кормандони беморхонаи ёрии таъҷилии ноҳияи Мирзо Улуғбек мегӯянд, Абдумалик Каримов ба камияш 5 корманди онҳоро латту кӯб кардааст.

"Ҳеч кас намехоҳад ба хонаи Каримовҳо равад. Як хонаводаи бисёр бадхашм аст. Абдумалик моҳи август Қаюмовро латту кӯб карда буд ва ин бор ӯ махсус бо худ дастгоҳи сабткунандаро бурд. Ба ҷуз Қаюмов, ӯ чаҳор табиби дигари моро зери мушту лагад қарор додааст", - гуфт яке аз табибон.

Агар гуноҳи Каримов дар додгоҳ исбот шавад, ба ӯ то се соли зиндон таҳдид мекунанд.

XS
SM
MD
LG