Ссылки доступа

Русия: таъсиси чаҳорумин минтақаи амн дар Сурия наздик аст


Намояндаи асосии Русия дар гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона хабар дод, ширкаткунандагони даври навбатии ин гуфтугӯҳо барои таъсиси минтақаи нави амн дар Сурия наздик аст, ки ба созиш бирасанд.

Александр Лаврентев, намояндаи Русия 14 сентябр, дар рӯзи кушодашавии даври шашуми гуфтугӯҳои дурӯза дар пойтахти Қазоқистон хабар дод, ки кишварҳои кафил - Русия, Эрон ва Туркия - "барои дастёбӣ ба имзои созишномаи минтақаи амн хеле наздик шудаанд".

Ширкатдорони гуфтугӯҳои Остона тасмим доранд, нақшаи таъсиси чаҳорумин минтақаи амнро коркард кунанд, ки бояд дар вилояти Идлиб, шимоли Сурия дар сарҳад бо Туркия ташкил шавад. Пештар аз ин Русия дар Сурия се минтақаи амн таъсис дод, ки бо таъсиси онҳо хушунат миёни ҷангҷӯён коҳиш ёфтааст.

Русия ва Эрон ҳукумати президенти Сурия Башор Асадро дар ҷанги шашсолаи шаҳрвандӣ, ки 330 ҳазор одамро қурбон кардааст, пуштибонӣ мекунанд. Туркияву ИМА аз гуруҳҳои гуногуни шуришгар ҳимоят доранд.

Низомиёни Русия пештар хабар доданд, ки Москва талош мекунад, пулисҳои низомиашро ба вилояти Идлиб интиқол диҳад.

XS
SM
MD
LG