Ссылки доступа

Зоиров: "Мо аз соли 2013 бо ҲНИТ ҳеҷ гуна ҳамкорӣ надорем"


Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) иштироки раҳбари намояндагии ҳизб дар вилояти Бадахшон Алим Шерзамоновро дар ҷаласаи созмондодаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар Варшава бо нашри як изҳорот маҳкум кард.

"Суханронии Алим Шерзамонов дар ҷаласаи ҲНИТ дар Варшава иштибоҳи ҷиддии сиёсӣ ва идеологӣ аст, ки ман онро маҳкум мекунам", - қайд кардааст Зоиров дар изҳороти худ.

Ба гуфтаи ӯ, ҲСДТ аз моҳи сентябри соли 2013 ба ин тараф бо ҲНИТ дар ҳеҷ шакл ҳамкорӣ надорад ва "иштибоҳҳои Шерзамонов" ба зудӣ дар шӯрои сиёсии ҳизб баррасӣ хоҳанд шуд.

Шерзамонов ибтидои ҳафтаи равон дар нишасти Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава иштирок ва дар ҷаласаи созмондодаи ҲНИТ – “Аз истиқлол то истибдод” – низ суханронӣ кард. Ӯ ба ҳайси муовини раиси ҲСДТ муаррифӣ шуд.

Зоиров гуфт, Шерзамонов на муовини раиси ҲСДТ, балки раҳбари намояндагии ҳизб дар Бадахшон аст. "Азбаски ҲСДТ ӯро барои иштирок дар ин маърака муваззаф накардааст, ӯ метавонист танҳо аз номи худ иштирок ва суханронӣ кунад, на аз номи ҳизб", - афзудааст Зоиров.

XS
SM
MD
LG