Ссылки доступа

Дар корхонаи коркарди газ дар Ӯзбекистон таркиш шуд


Дар натиҷаи таркише, ки 20 сентябр дар корхонаи коркарди газ дар вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон рух дод, ҳадди ақал 3 одам кушта ва як тани дигар дар бемористон бистарӣ шуд.

Шоҳидон хабар медиҳанд, ки кушташудаҳо кормандони корхона будаанд. Барои омӯзиши сабабҳои таркиш комисияи давлатӣ таъсис шудааст. Яке аз кормандон гуфт, ки сабаби таркиш эҳтимол риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аст.

"Дар сехи 18-ум дастгоҳе, ки аз таркиби гази метан гази пропан-бутан ҳосил мекард, таркид. Дар ҷои ҳодиса роҳбари сехи мазкур ва ду кормандаш фавтиданд. Як коргарди дигар заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ гардид", - гуфт шоҳид.

Ёвари мудири корхона Шермат Шамсиев ин таркишро ҳодисаи нохуш номид. Ба гуфтаи вай, комисияи ҳукуматӣ сабабҳои таркишро меомӯзад. Вай афзуд ба хонаводаҳои қурбоншудаҳо кумаки модиву маънавӣ расонида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG