Ссылки доступа

Навҳакашӣ ҳангоми гусели тобут манъ мешавад? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Настоящее Время. Азия – 22 сентября. Раҳбари ситоди ташкили интихобот дар Қирғизистон даъват кард, ба номзаде раъй диҳанд, ки президент ӯро ҷонибдорӣ мекунад. Сокини 102-солаи Тоҷикистон дар фақирӣ ба сар мебарад ва касе ба ӯ кумак намекунад. Дар Қазоқистон нахустин чемпионати рақси ҷуфтҳо баргузор шуд. (видео)

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 21-уми сентябри 2017 (HD)

- Қабрҳоро аз Айнӣ мекӯчонанд. Дар Боғи Айнии шаҳри Душанбе корҳои бозсозӣ ҷараён дорад ва ба эҳтимоли ғолиб қабри чанд тан аз чеҳраҳои саршиноси тоҷик, ки дар ин боғ дар миёнаҳои асри гузашта дафн шудаанд, ба қабристони Лучоб кӯчонида шаванд (видео аз Директ)

- Каримҷон Ёров: Дар Люблино даҳҳо муҳоҷирро боздошт карданд. Каримҷон Ёров, намояндаи созмони "Этмос" рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди эътирози гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав баъди латукӯби як ҷавони тоҷик маъмурони пулис даҳҳо нафарро дастгир кардаанд. (видео)

- Видеои ҷавони латукӯбшудаи тоҷик дар Москва. Посбонҳои як бозори калон дар Маскав як ҷавони тоҷикро латукӯб кардаанд ва баъди ин ҳодиса дар бозор моҷаро бархост ва даҳҳо нафарро дастгир карданд. Ҳодиса дар ноҳияи Люблино рӯзи 21-уми сентябр рух додааст. (видео)

- Навҳакашӣ ҳангоми гусели тобут манъ мешавад? Дар Тоҷикистон тартиби маросими азодорӣ ва таъзия қабул шуд, ки минбаъд тамоми маросимҳои дафну азодорӣ бар асоси он гузаронда мешаванд. Мувофиқи тартиби нав, дар маросимҳои дафн навҳа кашидан, мӯйканию рӯйканӣ кардан ва навҳагар овардан манъ аст (видео)

- Баъди ҷанҷоли муҳоҷирон маркази Люблиноро бастанд. Баъди муноқишаи муҳоҷирон дар шаҳри Маскав яке аз марказҳои тиҷоратӣ, ки онҷо муҳоҷирон кор мекунанд, барои муддате баста шуд (видео)

- Худо баҳрро офаридааст, ки мо лаззат барем. Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд ва аз ин рӯ мушкилоти иқтисодиаш ҳам зиёд аст. Пурсиш аз роҳгузарон: баҳрро дидаед? (видео)

- Эътирози тарафдорони назархоҳии Каталония. 21 сентябр ҳазорҳо ҷонибдори назархоҳии Каталония дар Барселона талаб карданд, ки мақомот намояндагони ҳукумати маҳаллиро аз маҳбас озод кунанд. (видео)

- Гурӯҳи наҷот саъй дорад, Фаридаро аз зери вайронаҳо берун кунад. Дар Мексика амалиёти наҷоти мардум аз зери вайронаҳои заминҷунбӣ идома дорад. Гурӯҳи наҷот дар пайи фурӯрезии мактабе саъй дорад як духтарро берун барорад. (видео)

- Масъулияти ташкили интихоботро аз муовини сарвазири Қирғизистон гирифтанд (видео аз Директ)

- Путин дар "Яндекс" чӣ меҷӯст ва интихобот дар инҷо чӣ дахл дорад? (видеои Настоящее время)

- Талафоти "Ғарб-2017" (видео)

- Се ҳазор метр аз сатҳи баҳр. Бабрҳои ак-шийракро чи гуна наҷот медиҳанд(видео)​

- Ду рӯз то интихоботи Олмон: рӯзи душанбе қудрат дар ин кишвар насиби кӣ хоҳад шуд? (видео аз Директ)

- Таҳсилу зиндагӣ дар интернат ҳангоми таъмир (видео)​

- Соли нави яҳудӣ. Рош-ха-Шанаро дар Уммон чи гуна истиқбол гирифтанд(нигористон)

- "Касе бо мо нест, зидди мост": Дар Шарлотсвилл ҷанг бо пайкараҳо то ба ҳудуди Донишгоҳи Вирҷиния расид. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG