Ссылки доступа

Баъди 4 сол як лӯлаи нафти дигар Қазоқистону Ӯзбекистонро ба ҳам мепайвандад


Қазоқистону Ӯзбекистон ба созиш расиданд, ки то соли 2021 лӯлаи нафти Чимкент-Ҷиззахро бо иқтидори интиқоли 5 млн тон дар сол сохта, ба истифода бидиҳанд. Дар ин бора расонаҳои Қазоқистон хабар медиҳанд.

Сохтмони лӯлаи нафт дар асоси созишномаи байниҳукуматии Қазоқистону Ӯзбекистон дар бораи бархе аз масоили ҳамкорӣ дар бахши энержӣ сурат мегирад.

Дар ҳуҷҷат омадааст, ки лоиҳакашӣ, сармоягузорӣ, сохтмон ва ба истифода додани лӯлаи гази Чимкент-Ҷиззахро ҳар кишвар қисмати ҳудуди худро анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG