Ссылки доступа

Аз Отамбоев хостанд, зидди таблиғҳои ғайриқонунии интихоботӣ чора андешад


Ҳаракати "Интихоботи одилона"-и Қирғизистон, ки ба ҳайати он як қатор сиёсатмадорон, ходимони давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомиланд, бо ирсоли як муроҷиатнома аз президент, раиси КМИР ва сарвазири ин кишвар хост, роҷеъ ба таблиғҳои ғайриқонунии интихоботӣ чора биандешанд.

Узви ҳаракат ва вакили пешини порлумони Қирғизистон Равшан Жээнбеков гуфт, дар ин муроҷиатнома қайд кардаанд, ки ҳимояти ошкорои муфтӣ ва узви Шӯрои уламои ин кишвар Чубак Ҷалилов аз номзади Ҳизби сотсиал-демократӣ (ҲСД) Сооронбой Жээнбеков ғайриқонунӣ аст. 20 сентябр дар Интернет наворе нашр шуд, ки дар он Ҷалилов аз сокинон даъват мекунад, ба Жээнбеков раъй диҳанд.

Ин ҳаракат ҳамчунин хостааст, ки дар робита ба ҷонибдории муовини сарвазири Қирғизистон Дуйшенбек Зилолиев аз номзади ҲСД чораандешӣ шавад. Зилолиев 19 сентябр дар мулоқот бо фаъолони вилояти Бодканд гуфт, номзади ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ дар шарҳи суханҳояш афзуд, ки назари шахсии худро баён доштааст.

Сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов 21 сентябр Зилолиевро "барои ин изҳори назари шахсияш" танбеҳ дода, дастур дод, ки раҳбарии Ситоди ҷумҳуриявии кишварашро оид ба ташкили интихоботи президентӣ ба зиммаи муовини дигари сарвазир Темир Ҷумақодиров вогузорад.

Бар пояи қонунҳои Қирғизистон, намояндагони созмонҳои динӣ ва ниҳодҳои давлатӣ ҳаққи таблиғро надоранд. Интихоботи навбатии президентии Қирғизистон 15 октябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG