Ссылки доступа

ИМА ҳукми хабарнигори РАО/РО Николай Семенаро маҳкум кард


Иёлоти Муттаҳида 25 сентябр дар робита ба ҳукми додгоҳи Қрим зидди хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) Николай Семена изҳори нигаронии ҷиддӣ кард. Семенаи 66-сола ҳафтаи гузашта ба ҷудоиталабӣ айбдор эълом ва ба мӯҳлати 2,5 соли шартӣ аз озодӣ маҳрум шуд.

Додгоҳ ин рӯзноманигори маъруфи Қримро низ ба муҳлати се сол аз ҳаққи фаъолияти журналистӣ маҳрум кард.

"Ин ҳукм ба он асоснок шуда, ки Семена дар матлабҳояш ишғолгариҳои Русия ва пайвастани Қримро ба он кишвар интиқод кардааст. Аз мақомоти ишғолгари рус даъват мекунем, ки ҳукмро бекор карда, ба Семена иҷозат диҳанд, то кори рӯзноманигориашро идома диҳад ва таъқиби гуногунандешонро низ дар Қрим қатъ кунанд. Нимҷазира ҷузъи ҷудонашавандаи Украина хоҳад монд ва мавқеи ИМА дар робита ба ҳимоят аз тамомияти арзии Украина низ тағйир нахоҳад ёфт", - омадааст дар изҳороти сухангӯи Департаменти давлатии Амрико Хизер Нойер.

Николай Семена, корманди тарҳи "Қрим. Воқеият"-и Радиои Озодӣ 19 апрели соли 2016 боздошт шуда, алайҳаш бо айби даъват ба амалҳои зидди "тамомияти арзии Русия" парванда боз карданд.

Худи рӯзноманигор ин айбро рад карда, мегӯяд, қазияи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи вай, парвандаи мазкур дар асоси тарҷумаи ғалати яке аз матлабҳояш аз забони украинӣ ба русӣ боз шудааст.

Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ пештар дар робита ба ин қазия изҳори нигаронӣ карданд. Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Томас Кент ҳукми Семенаро маҳкум карда, онро "кӯшиши хомӯш кардани садоҳои мустақил дар Қрим" номид.

Том Кент: "Этот приговор должен быть отменен"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:10 0:00

XS
SM
MD
LG