Ссылки доступа

Дар мактабҳои Украина таълим танҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад


Президенти Украина Петр Порошенко лоиҳаи қонуни баҳсбарангезеро имзо кард, ки бар асоси он дар мактабҳои давлатӣ аз синфи панҷум таълим танҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад.

Порошенко ин қонунро 25 сентябр имзо кард. Ба вижа ақалиятҳои миллии Украина мухолифи қонуни мазкур ҳастанд. Хонандаҳо ҳақ доранд забони модариашон ҳамчун фанни алоҳида фаро бигиранд. Аммо ин пешниҳод ақалиятҳои миллии лаҳистонӣ, руминӣ ва маҷориро, ки дар Украина сукунат доранд, қонеъ накард.

Русия пештар аз ин лоиҳаи қонунро танқид карда, гуфта буд, он барои "иҷборан ҷорӣ кардани низоми якказабонӣ дар кишвари гуногунмиллат таҳия шудааст".

Масъалаи забон дар Украина ҳассос аст, махсусан дар минтақаҳои шарқӣ, ки шумори бештари русзабонҳо бо забони русӣ суҳбат мекунанд.

Лоиҳаи қонуни қабулшуда меъёрҳои қонунеро, ки соли 2012 аз сӯи президенти пешини Украина Виктор Янукович қабул гардида буд, бекор мекунад. Виктор Янукович дар пайи майдоннишиниҳои мардум дар соли 2014 ба Русия фирор кард. Қонуни қабулкардаи Янукович имкон медод, ки ақалиятҳои миллӣ бо забони модариашон таҳсил кунанд.

XS
SM
MD
LG