Ссылки доступа

Дар Қирғизистон баргаҳои раъйдиҳиро нашр мекунанд


Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон нашри баргаҳои раъйдиҳии интихоботи президентиро шуруъ кард. Интихоботи президентӣ дар ин кишвар 15 октябр таъйин шудааст.

Тавре иттилоъ дода мешавад, ҷараёни нашри баргаҳоро аъзои Комисияи интихоботӣ ва кормандони дастгоҳи комисияи интихоботӣ назорат мекунанд. Ҳар соат баргаҳои нашршударо аз санҷиш мегузаронанд.

Баргаҳои раъйдиҳӣ на дертар аз 10 рӯз то санаи интихобот бояд нашр шаванд. Ҷараёни нашри баргаҳоро кормандони ВКД ва КДАМ муҳофизат мекунанд.

Дар саросари Қирғизистон дар маҷмуъ 2375 қитъаи раъйдиҳӣ таъсис шудааст. Бино бар омори 25 сентябр, шумори интихобкунандагон 2 миллиону 919 ҳазору 729 нафарро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG