Ссылки доступа

Омӯзгори ӯзбек барои дашному лаънатгӯӣ дар дарс танҳо огоҳӣ гирифт (видео)


Раҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, омӯзгори мактаби №40 Нигора Маткаримоваро, ки ошкоро ду талабаи худро дар дарс дуои бад кард, аз кор наронад. Ба муаллима танҳо огоҳии шифоҳӣ додаанд.

Ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, Маткаримова ду хонандаро бо чунин лафз дуои бад мекунад: "Худо шуморо ҷазо диҳад! Аз пои равон маҳрум шавед! Пойҳоятон хушк шавад! Натавонед дигар ба ин мактаб биоед! Марг бар шумо! Ин бадтарин дуо аст! Худо шуморо ҷазо диҳад! Ман чи кор кардам, ки шумо маро ҷанҷолӣ меномед?! Бигӯ, Абдулло, ман чи кор кардам, ки маро чунин меномед?!"

"Бигзор Худо туро ҷазо диҳад. Ва туро ҳам Худо ҷазо диҳад. Ба камол нарасед! Ба мактаби олӣ дохил нашавед!", - дуо мекунад омӯзгор.

Тавре маълум гашт, омӯзгор ду хонандаи синфи 5-умро барои он дуои бад кардааст, ки аз болои ӯ ба волидайнашон шикоят кардаанд. Ин ҳодиса моҳи майи соли равон рух додааст.

Муовини мудири шуъбаи маорифи Андиҷон Муҳиддин Турғунбоев гуфт, раҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳр баъди нашри навори мазкур дар Интернет гуруҳи махсусеро таъсис дода, ба таҳқиқи қазия амр кард.

"Маъмурияти мактаб бояд худ чора андешад. Мо дар навбати худ муаллимаро огоҳ кардем, ки ин корро дубора такрор накунад. Рости гап, натавонистем чорае андешем, зеро он мактаб мудир надорад. Феълан муовини сардори шуъбаи маориф муваққатан мудирии онро ба зимма дорад. Баъди судури фармон ин ҳодиса дубора аз сӯи мутахассисон баррасӣ хоҳад шуд", - афзуд Турғунбоев.

XS
SM
MD
LG