Ссылки доступа

"Коммерсантъ" аз фасодкориҳои рекордӣ дар вазорати дифои Русия хабар дод


Полковник Александр Вакулин бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми 368 миллион рубл боздошт ва ҳабс шудааст. Ӯро ба ҳимоят аз ширкатҳои хусусӣ ҳангоми бастани шартномаҳо гумонбар медонанд. Дар ин бора рӯзи сешанбе нашрияи "Коммерсантъ" хабар дод. Ба иттилои нашрия, гап дар бораи фасодкории рекордӣ дар таърихи вазорати мудофиаи Русия меравад.

Сардори 46-солаи бахши таъмини техникии раёсати таъминоти вазорати мудофиа дар гирифтани пора барои кумак расонидан дар бастани шартномаи хариди дастгоҳҳои пухту пази идораи мазкур гумонбар дониста мешавад.

Ба ҷуз ин, ба иттилои тафтишот, полковник барои "ҳимояти умумӣ" аз тоҷирон пора гирифтааст. Парвандаи Вакулинро муфаттиши калон дар бахши парвандаҳои махсус Виталий Данилов пеш мебарад, ки пештар дуздии марбут ба "Оборонсервис"-ро таҳқиқ мекард.

Моҳи октябри соли 2012 аз рӯи далелҳои дуздӣ дар "Оборонсервис" чанд парванда кушода шуд. Сардори департаменти муносибатҳои молии вазорати мудофа Евгения Василева айбдор дониста шуд. Аммо баъди як моҳ аз зиндон раҳо шуд.

XS
SM
MD
LG