Ссылки доступа

Дар Қазоқистон эҳтимол аст, ба далели камбуди сӯзишворӣ парвозҳои доимӣ халал ёбанд


Парвозҳои доимӣ дар Қазоқистон дар робита ба эҳтимоли қатъи воридоти сӯзишвории ҳавопаймоҳо аз Русия бо хатари барҳамхӯрӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии "Эйр Астана" хабар медиҳад. Ба гуфтаи ширкат, ҳамчунин корҳои нақшавӣ дар корхонаи коркарди нафти Чимкент боиси халал ёфтани парвозҳо хоҳад шуд.

Ба иттилои ширкат, воридкунандаи асосии сӯзишвории ҳавопаймо ширкатҳои русии "Газпормнефт", "Роснефт", "Лукойл" ва "Татнефт" ҳастанд. Ин ширкатҳо дар маҷмуъ соли равон 15 ҳазор тон кам сӯзишворӣ ворид кардаанд. Соли гузашта ҳаҷми сӯзишвории вориднамудаи онҳо ба Қазоқистон ба 44 ҳазор тон расида буд.

Ширкат мегӯяд, таъминкунандагони сӯзишворӣ дар робита ба талаботи бозори дохилии Русия, моҳи ҷорӣ воридоти авиакеросинро ба Қазоқистон тасдиқ накарданд.

"Эйр Астана" мегӯяд, авиатсиаи шаҳрвандии Қазоқистон 70 дарсад аз сӯзишвории Русия вобаста аст.

"Қатъи воридоти сӯзишворӣ аз Русия ногузир ба буҳрони бозории дохилии сӯзишвории ҳавопаймоҳо мерасонад ва ба парвозҳои дохилӣ дар Қазоқистон хатар эҷод мекунад", - омадааст дар изҳороти ширкат.

XS
SM
MD
LG