Ссылки доступа

Ҷустуҷӯи калашниковҳои марзбонони тоҷик дар рӯдхонаи Зарафшон


Мақомоти интизомии Тоҷикистон 7 автомати калашниковро ҷустуҷӯ доранд, ки дар натиҷаи сарозер шудани мошини нирӯҳои марзбонии кишвар ба рӯдхонаи Зарафшон гум шудаанд.

Азизмурод Сабуров, додситони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ мегӯяд, садама дар наздикии деҳаи Хайрободи ноҳия ҳафтаи гузашта рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи ин садама як марзбони тоҷик низ нопадид шудааст, ки ҳоло ҷустуҷӯи ҷасади ӯ низ идома дорад.

“Вақте сарбозон аз қисми ҳарбии марзбонӣ воқеъ дар деҳаи “Мадрушкат”-и Кӯҳистони Мастчоҳ ба тарафи деҳаи Хайробод ҳаракат мекарданд, мошин дар баландие хомӯш шуда, ба ақиб ҳаракат кардааст", - афзуд Сабуров.

Дар натиҷа ба 6 сарбозу ронанда муяссар мешавад, ки худро аз мошин берун андозанд, вале яке аз онҳо дар дохил мемонанд ва ҳоло сарнавишташ номаълум аст.

Ба гуфтаи Сабуров, кормандони наҷоти маҳаллӣ "Нива"-ро аз об берун овардаанд, вале ҷасади сарбозу силоҳҳоро пайдо накардаанд. Дар ҳоли ҳозир, ҷустуҷи ҷасади сарбоз ва силоҳҳо идома дорад.

Дар Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, аз ин ҳодиса дарак надоранд.

XS
SM
MD
LG