Ссылки доступа

Шаҳрванди Русия омодааст, бо $213 млн "Megacom"-и Қирғизистонро харад


Соҳибкори рус Елена Нагорная барои харидории 100%-и саҳмияҳои ширкати мобилии "Алфа Телеком"-и Қирғизистон, ки бо бренди "Megacom" маъруф аст, дархост фиристодааст.

Ба огаҳии Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон (БИАҚ), сармоягузори рус омодааст, маблағи хостаи ҳукумати ин кишвар ба ивази ҳамаи саҳмияҳои ширкат -- 13,5 миллиард сом ва ҳамчунин 7% ҳаққи комисия (ҳудуди 213 миллион доллар)-ро бипардозад.

"25 сентябр муҳлати пешниҳоди дархостҳо барои харидории саҳмияҳои "Алфа Телеком" ба поён расид. Ягона дархост аз тарафи шаҳрванди Русия Елена Нагорная фиристода шудааст. Ӯ омодааст, тамоми масъулиятҳои ширкатро ба зимма бигирад", - мегӯяд БИАҚ.

Дар ҳоли ҳозир, гуфтугӯи бунёд бо соҳибкори рус дар робита ба шароити хариду фурӯши саҳмияҳои ширкат идома дорад.

Ба огаҳии сомонаи расмии Нагорная, ӯ 41 сол дошта, бо тиҷорат ва фаъолиятҳои ҷамъиятӣ дар бахши сифату бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва робитаҳои кории байналмилалӣ машғул аст. Дар бахши интиқоли мол, фурӯш ва истеҳсоли чою қаҳва низ таҷриба дорад. Узви комисияи коршиносони кумитаи саноати Думаи давлатии Русия аст.

Қирғизистон саҳмияҳои "Алфа Телеком"-ро бори нахуст соли 2015 дар музояда гузошт. Ин ширкатро се бор дар музояда гузоштанд, вале харидор пайдо нашуд. Баъдан девони вазирони Қирғизистон тасмим гирифт, мустақиман бар ивази 13,5 миллиард сом онро фурӯшад.

XS
SM
MD
LG