Ссылки доступа

Қазоқистон хост, шаҳрвандонашро дар сайёҳати хориҷӣ бима кунад


Дар ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон дар шаҳри Остона рӯзи сешанбе лоиҳаи қонун дар бораи бимаи ин кишвар муаррифӣ шуд. Лоиҳа тавсеаи салоҳиятҳои омбудсмени бима ва ҷорӣ намудани бимаи ҳатмиро барои сайёҳони қазоқ, ки ба хориҷ сафар мекунанд, пешбинӣ мекунад.

Раиси Бонки миллии Қазоқистон Даниёр Акишев гуфт, ҳадафи лоиҳаи қонуни мазкур ҳимоят аз ҳуқуқи сайёҳони қазоқ буда, бимаи ҳатмии манфиатҳои моликияти сайёҳони кишварро, ки ба хориҷ мераванд, пешбинӣ мекунад.

"Бимаи сайёҳон ба зиммаи ширкатҳои ҷаҳонгардӣ дар бахши туризми хориҷӣ хоҳад буд", - афзуд ӯ.

Акишев қайд кард, ки ин лоиҳа тавсеаи салоҳиятҳои омбудсмени бимаро низ дар тамоми намуди он, ҳатмӣ ва ихтиёрӣ пешбинӣ мекунад. Дар Қазоқистон омбудсмени бима аз соли 2008 ба ин тараф фаъолият дорад.

XS
SM
MD
LG