Ссылки доступа

Туркманистон мехоҳад, аз селфароӣ пешгирӣ кунад


Ҳукумати Туркманистон чораҳои пешгирӣ аз селфароиро дар атрофи шаҳри Ишқобод тасдиқ кард. Чораҳои расмии мубориза бо эҳтимоли селфароӣ баъди хабари селфароӣ якбора дар ду минтақаи Туркманистон, ки боиси марги чанд нафар ва хароб гардидани даҳҳо минтақаи аҳолинишин шуд, қабул гардидааст.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, дар ҷаласаи рӯзи 22 сентябри ҳукумати Туркманистон натиҷаҳои пажуҳиши мутахассисон дар минтақаҳои наздикуҳии Ишқобод гузориш дода шудааст.

Хабар дода мешавад, ки атрофи шаҳр ба дарозои 33 километр заҳкаш канда хоҳад шуд. Ҳамчунин як обанбор бо ғунҷоиши 15 млн метри мукааб бунёд мегардад.

Дар наворе, ки дар деҳаи Довгала, 70-километрии пойтахти Туркманистон сабт шудааст, дида мешавад, офати табиӣ чи гуна кӯчаҳоро пур карда, манзилу ҳайвонҳо ва техникаи рӯи роҳро ба коми худ фурӯ мебарад.

Несколько районов Ахалской и Балканской областей Туркменистана пострадали от сели
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:35 0:00

Дар бораи ин офати табиӣ расонаҳои давлатӣ хабар надоданд.

XS
SM
MD
LG