Ссылки доступа

Бо кумаки Ӯзбекистон дар Ӯши Қирғизистон "мактаби дӯстӣ" месозанд


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон сохтмони мактаби ба номи Алишери Навоӣ аз ҳисоби кумакҳои Ӯзбекистон идома дорад. Ин мактаб барои 630 хонанда пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмониро ширкатҳои ӯзбекии "Трест12" ва "БунёдГрандСервис" анҷом медиҳанд.

Бинои нави сеошёна дорои толори варзиш, синфхонаи меҳнат, нуқтаи тиббӣ, ошхона ва маҷмааи варзишии тобистона хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир сохтмони зербинои мактаб ба охир мерасад.

Ба ҷуз ин сохтмончиёни Ӯзбекистон як мактаберо, ки соли 1936 бунёд шуда буд, бозсозӣ карданд.

28 июли соли ҷорӣ сафири Ӯзбекистон дар Қирғизистон Комил Рашидов ва вазири маорифу илми Қирғизистон Гулмира Кудайбердиева созишномаи сохтмони мактабро дар шаҳри Ӯш имзо карданд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ҳангоми сафараш ба Қирғизистон, ки 5 сентябр сурат гирифт, лоиҳаи сохтмони мактабро ба ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев муаррифӣ кард.

XS
SM
MD
LG