Ссылки доступа

10 миллион доллар кумак ба занони соҳибкори Тоҷикистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 26-уми сентябри 2017 (HD)

- Ронандаи сахӣ аз по афтод. Як ронандаи хайрхоҳ, ки ҳар рӯзи ҷумъа бо мусофиркаши худ ба сокинони Душанбе ройгон хизмат мерасонд, ҳоло худаш аз по афтодаву ба кӯмак ниёз дорад. Ҳуҷамурод Гулмуродов, сокини ноҳияи Ваҳдат, ки соле пеш дар хатсайри раками 8 мусофиркашӣ мекард, ҳоло аз тарафи чапи бадан фалаҷ шудааст. (видео)

- Зани дувум ё маъшуқа? Дар Тоҷикистон дузанаҳо ва ҳамсарони дувум намехоҳанд, ки робитаҳояшон ошкор шавад, чун қонуни ҷиноии Тоҷикистон чандҳамсарӣ дар кишварро мамнӯъ карда, ҷарима ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ намудааст (видео)

- "Моро мисли президент пешвоз гирифтанд". Гурӯҳи рақсии “Алан” дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ба вилояти Хатлон сафар кард. Ҳайати меҳмонҳои Русияро дар маркази шаҳр Алёна, хонандаи русзабон, ки либоси зебои тоҷикӣ ба бар карда буд, бо нону намак истиқбол гирифт (видео)

- 10 миллион доллар кумак ба занони соҳибкори Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон, ки занон ба тиҷорати хурду миёна машғуланд, қарор аст, ба зудӣ тарҳи чандмиллиондолларӣ барои кумак ба онҳо шурӯъ шавад. Як муассисаи байналмилалии молӣ гуфт, ки мехоҳад ба занони тоҷик 10 миллион доллар ёрӣ кунад, то онҳо ширкатҳои бештар боз кунанд ва ҷойи корҳои нав офаранд (видео)

- Аробакашҳои тоҷики Люблино бекор мемонад? Баъди моҷаро дар маркази тиҷоратии Люблино дар шаҳри Маскав, муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, мақомоти бозор ба онҳо иҷозаи кор намедиҳанд. Дар сурати рад шудани дархостҳо мумкин аст, даҳҳо аробакаши тоҷик бекор монанд (видео)

- Таркиш дар анбори муҳимоти ҷангӣ дар Украина. Шаби сешанбе дар вилояти Виннитскаяи Украина анбори лавозимоти ҷангии қисми низомии А1119 таркид (видео аз дрон)

- Настоящее Время. Осиё – 27 сентябр. Даъвати Бонки миллии Қазоқистон барои худдорӣ аз харидории асъори хориҷӣ. Дар Тоҷикистон мехоҳанд, муҳорибаҳои омехтаро манъ кунанд ва оромии интихоботи Қирғизистонро кӣ таъмин мекунад? (видеои Настоящее время)​

- ФСБ гуфт, парвандаи Алӣ Фирӯз сирри давлатӣ дорад. Додгоҳи Москва шикояти рӯзноманигори "Новая газета" Алӣ Фирӯзро аз болои ВКД Русия барои радди дархости паноҳандагияш баррасӣ накард. (видео аз Директ)

- Адолат барои рақамҳои хос. Марги корманди БДА дар зери чархи "Мерседес"-и давлатӣ чи гуна таҳқиқ мешавад. (видеои Настоящее время)

- Буҳрони Куриёи Шимолӣ: Иқдомҳои низомӣ то куҷо хатар доранд? (видео аз Қирғизистон)

- Порлумони Гурҷистон интихоботи президентиро соҳиб шуд​. (видеои Настоящее время)

- Либералҳо зидди муҳофизакорон. Барои чӣ Никита Михалковро аз шӯрои Бунёди синамо хориҷ карданд (видео аз Директ)

- Ҷашни «Сарватманд» дар Белорус. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG