Ссылки доступа

Бағдод ба роҳбарони Курдистони Ироқ барои баргардонидани фурудгоҳҳо се рӯз муҳлат дод


Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ 26 сентябр ба роҳбарияти Курдистони Ироқ се рӯз муҳлат дод, то идораи фурудгоҳҳо ва ҳамаи гузаргоҳҳои марзиро дар ихтиёри Бағдод қарор диҳанд.

Тавре хабаргузории "Франс-пресс" менависад, сарвазир дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Бағдод тасмим гирифтааст, дар сурати барнагардонидани идораи фурудгоҳҳо ба ихтиёри ҳукумати марказӣ, парвозҳои байналмилалӣ ба Курдистон ва аз Курдистон ба хориҷро баъди се рӯз қатъ кунад. Агар ин талабот иҷро нашавад, Бағдод аз кишварҳои ҳамсоя дархост мекунад, ки марзҳояшонро бо Курдистон бибанданд.

Ба Курдистони Ироқ (фурудгоҳҳои Эрбил ва Сулаймонӣ) дар ҳоли ҳозир ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз Олмон, Урдун ва Туркия парвоз анҷом медиҳанд. Рӯзи якшанбеи гузашта Эрон парвозҳояшро ба Курдистон қатъ кард.

Сарвазири Ироқ баъди эълони натиҷаҳои раъйпурсии истиқлоли Курдистони ин кишвар гуфтугӯҳо дар мавриди истиқлолхоҳиро рад карда, чораҳои амниятиро шадидтар кард. Вай гуфт, Бағдод дар асоси Конститутсия амал карда, натиҷаҳои раъйпурсиро эътироф намекунад.

Масъуд Барзонӣ, президенти Курдистони Ироқ ҳамапурсиро "марҳилаи нав" номида, ҳукумати Ироқро ба гуфтугӯ даъват кард. Вай ҳамзамон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки ба эҳсоси миллионҳо шаҳрванд эҳтиром гузоранд, ки ба ҷонибдорӣ аз мустақилияти Курдистон раъй додаанд.

XS
SM
MD
LG