Ссылки доступа

Вакилони қирғиз ба ҷои ҷаласа ба маъракаҳои интихоботӣ мераванд


Бунёди ҷамъиятии "Платформаи шаҳрвандӣ"-и Қирғизистон дар робита ба иштироки вакилони порлумони ин кишвар дар корҳои пешазинтихоботии ситодҳо ва наомаданашон ба ҷаласаҳо норозигӣ баён кард.

Ин бунёд мегӯяд, бар пояи қонун "Дар бораи мақоми вакилии порлумони Қирғизистон" вакилон вазифадоранд, ки дар ҷаласаҳо иштирок карда, дар робита ба масъалаҳое, ки дар ҷиноҳ, кумита ё порлумон баррасӣ мешаванд, овоз диҳанд.

"Вале бо дидани ҷаласаҳои ахири порлумон метавон гуфт, ҳоло на ҳамаи онҳо масъулиятеро, ки мардум бовар карда, ба зиммаашон гузоштаанд, аз рӯи инсоф ва виҷдон иҷро мекунанд", - гуфтанд дар бунёд.

Ба иддаои "Платформаи шаҳрвандӣ", ин амали вакилон ба кори порлумони Қирғизистон таъсири манфӣ гузошта, нобоварии мардумро ба раванди интихоботҳо бештар мекунад.

Бинобар ин, бунёд аз вакилони порлумони Қирғизистон даъват кард, ба ҷои истифодаи манобеи давлатӣ ба таблиғ ё дастгирии номзади алоҳида дар интихоботи президентӣ, ба таҳияи қонунҳо машғул шаванд.

XS
SM
MD
LG