Ссылки доступа

Нависандаи дигарандеши ӯзбекро дар таблиғи ақидаҳои тундгароӣ айбдор мекунанд


Нуруллоҳ Отахонов, нависандаи 63-солаи ӯзбек, ки баъди ду соли табъиди ихтиёрӣ дар Туркия, рӯзи 27 сентябр ба Ӯзбекистон баргашт, дар боздоштгоҳе дар шаҳри Тошканд нигаҳдорӣ мешавад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ба наздикони нависанда машварат додаанд, ки вакили дифоъ киро кунанд.

Гулнора Отахонова, ҳамсари нависанда мегӯяд, шавҳари вай дар паҳн кардани ақидаҳои тундгароӣ дар китоби "Ин рӯзҳо"-яш айбдор мешавад.

Дар китоби "Ин рӯзҳо" нависанда рушди Ӯзбекистонро дар солҳои истиқлол танқид мекунад. Нависанда дар ин китоб ҳамчунин низомеро, ки президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов асос гузошта буд, танқид ва худкома номидааст.

Нуруллоҳ Отахонов аз Истамбул ба Тошканд баргашт. Вай аз сӯи кормандони мақомоти қудратӣ дар фурудгоҳи Тошканд боздошт ва ба идораи пулис бурда шуд.

Ҳамсари нависанда мегӯяд, дар идораи пулис бо шавҳараш мулоқот кардааст. Ба гуфтаи муфаттишон, Кумитаи кор дар умури дини назди девони вазирони Ӯзбекистон китоби "Ин рӯзҳо"-ро тундгароӣ эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG