Ссылки доступа

Дар остонаи басташавии Бозиҳои осиёӣ дар Туркманистон пайдо кардани билет мушкил шуд


Дар остонаи басташавии Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Ишқободи Туркманистон пайдо кардани билет барои ширкат дар чорабиниҳо душвор шудааст. Аммо дар худи мусобиқаҳо аксари бинандагон хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ишқобод ҳастанд.

Арзиши билетҳо аз 7 манат (2 доллари ИМА) шуруъ шуда то ба 100 манат мерасад. "Дар бархе ҳолат барои дидани қуваозмоии варзишкорони маъруфи туркман одамони зиёде билет хариданӣ мешаванд. Як рӯз пеш аз чунин мусобиқа ва дар рӯзи мусобиқа билет харидан душвор мешавад", - мегӯянд шоҳидон.

Ба гуфтаи сокинон, ному насаби соҳибони билет дар билетҳо навишта мешавад ва ҳангоми вуруд ба толорҳои варзишӣ мутобиқати ному насаб санҷида мешавад.

"Дар се рӯзи пеш аз басташавии Бозиҳо бо телефони ҳушманд ба толорҳо ворид шуданро манъ карданд. Ҳар касе ки телефони ҳушманд дорад, ба толор роҳ намеёбад", - мегӯянд шоҳидон.

XS
SM
MD
LG