Ссылки доступа

Пурзӯр шудани тадобири амниятӣ дар шаҳрҳои бузургтарини Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе ва шаҳрҳои бузурги дигари кишвар чораҳои амниятиро сахттар карда, биноҳои муҳими давлатӣ, сафоратхона ва ҷойҳои серодамро таҳти назорати ҷиддӣ гирифта, ҳадафи онро пешгирӣ аз амалҳои террористӣ ва харобкорӣ меноманд.

Дар майдони Дӯстии халқҳои шаҳри Душанбе, дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, кормандони умури дохилӣ бо силоҳ қарор доранд ва дар як гӯшаи ин майдон мошинҳои низомӣ низ ба мушоҳида мерасанд. Чунин ҳолат як ҳафтаи пеш дида намешуд ва бархе аз сокинони шаҳр дар тааҷҷубанд, ки чаро афроди силоҳдор ба минтақаҳои гуногуни Душанбе рехтаанд.

Бархе ба ин назаранд, ки шояд дар Тоҷикистон кадом саммит ё нишасти муҳим баргузор мешавад ва ба ҳамин хотир Вазорати умури дохилӣ бо ниҳодҳои дигари қудратӣ тадобири амниятиро рӯи даст гирифтааст.

Аммо сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ки шиддат бахшидани чораҳои амниятӣ ба хотири оромиву бехатарии шаҳрвандон ва ҷилавгирӣ аз рух додани ҳар гуна харобкорӣ ҷорӣ шудааст. "Ҳеҷ сабаби дигаре дар миён нест", - афзуд ӯ.

В Душанбе усилены меры безопасности
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:12 0:00

​Алишер Зарифӣ, хабарнигори тоҷик, гуфт, аз тадбирҳои амниятӣ дар чанд рӯзи ахир огоҳ аст. Ба қавли ӯ, вақте ид ё ҳамоише дар пеш нест, шояд кадом ҷинояткор ё афроди мавриди шубҳа ҷустуҷӯ мешавад: "Эҳтимол дар чунин ҳолат кормандони интизомӣ бо сахттар кардани чораҳои амниятӣ кадом гумонбар ё ҷинояткорро ҷустуҷӯ доранд".

Одатан дар Тоҷикистон рӯзҳои баргузории самитҳо ва нишастҳои байналмилалӣ бо ҳузури сарони кишварҳо ва ҳамчунин дар рӯзҳои иди миллӣ ба хусус, Истиқлол назорат дар марзҳо таҳким меёбад.

XS
SM
MD
LG