Ссылки доступа

Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод ба поён расиданд


Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон 5-умин Бозиҳои осиёӣ ба поён расид. Қаҳрамонони мусобиқа созмондиҳандагони он эълом гаштанд.

Мунтахаби Туркманистон дар ин бозиҳо тавонист, 245 медал, аз ҷумла 89 тило ба даст биорад. Мақоми дувумро варзишкорони Чин бо 42 медали тило ва мақоми севумро эрониҳо бо 36 медали тило соҳиб шуданд. Ба дастаҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ҷойҳои чаҳорум ва панҷум насиб гашт.

Маросими кушодашавии 5-умин Бозиҳои осиёӣ дар пойтахти Туркманистон 17 сентябр баргузор шуда, 27 сентябр онро пӯшида эълом карданд. Дар ин мусобиқа беш аз 5 ҳазору 500 варзишкор аз 64 кишвар иштирок доштанд.

Туркманистони аз ҳисоби газ бой ба ин чорабинӣ хеле тӯлонӣ омодагӣ дид. Аз ҷумла бо 2,2 миллиард доллар фурудгоҳ ва бар ивази 5 миллиард доллар Маҷмааи олимпӣ бунёд кард. Ба ҷуз ин, барои 45 ҳазор одам майдони варзишӣ сохта шуд. Бар пояи арзёбиҳои гуногун, ба чорабинии мазкур 10-15 миллиард доллар сарф шудааст.

XS
SM
MD
LG