Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон шартномаи марзиро бо Ӯзбекистон тасвиб кард


Порлумони Қирғизистон дар хониши севум лоиҳаи қонуни шартномаи марзӣ бо Ӯзбекистонро ба тасвиб расонид.

Аз маркази матбуотии порлумон хабар медиҳанд, ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун 97 вакиле, ки дар ҷаласа ширкат доштанд, ҳамагӣ раъйи мусбат додаанд. Муҳокимаи шартнома пушти дарҳои баста сурат гирифтааст.

Интизор меравад, баъди тасдиқи порлумон, қонун аз сӯи президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев дар Тошканд имзо шавад. Расонаҳо менависанд, сафари Отамбоев ба Тошканд 5 октябр дар назар аст.

Шартномаи марзӣ ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев ба Бишкек дар таърихи 5 сентябри соли ҷорӣ имзо шуда буд. Ба иттилои ҳукумати Қирғизистон, шартнома 85 дарсади марзи муштаракро фаро мегирад. Гуфта мешавад, 15 дарсади марзи боқимонда то охири соли ҷорӣ дақиқ хоҳад шуд. Ба далели муайян набудани марз миёни сокинони наздимарзии ду кишвар борҳо низоъ бархостааст.

XS
SM
MD
LG