Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як ангишткан вафот кард


Дар кони Жезказгани Ҷанубии маҷмааи куҳии "Жезказгантсветмет"-и ширкати "Казахмис" дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон як ангишткан вафот кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии "Казахмис", 26 сентябр коргари кон ҷароҳати вазнин бардошта, вафот кардааст. Ширкат мегӯяд, ин як ҳодисаи нохуш буд.

Барои муайян кардани сабабҳои ҳодисаи мазкур комисияи махсус ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG