Ссылки доступа

Ҳукумати Ироқ хост, натиҷаи раъйпурсии Курдистон бекор карда шавад


Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ талаб дорад, ки натиҷаҳои раъйпурсии истиқлолхоҳии Курдистони ин кишвар бекор карда шавад. Раъйпурсӣ рӯзи якшанбе баргузор шуд.

"Ин раъйпурсӣ бояд бекор карда шавад ва дар доираи Конститутсия гуфтугӯ баргузор гардад. Мо ҳеч гоҳ дар мавриди натиҷаҳои раъйпурсии мазкур гуфтугӯ нахоҳем кард. Мо қонунгузории Ироқро дар тамоми минтақаҳои Курдистон амалӣ мекунем", - гуфт Ибодӣ.

Бино бар иттилои мақомоти раъйпурсии вилояти худмухтори Курдистони Ироқ, дар раъйпурсии рӯзи 25 сентябр ба ҷонибдорӣ аз истиқлолият 92,7 дарсади сокинон овоз додаанд.

Дар ҳамин ҳол, порлумон ба Ҳайдар ал-Ибодӣ пешниҳод кардааст, ба ноҳияи Киркук, ки феълан дар ихтиёри курдҳост, артиш фиристад ва кони нафтро зери назорат бигирад. "Ҳукумат бояд назорати кони нафти Киркукро дар ихтиёр бигирад", - омадааст дар қатъномаи порлумон.

Ноҳияи Киркук, ки онҷо ақалиятҳои гуногун истиқомат доранд, аз сӯи нерӯҳои шӯришгари курд идора мешавад.

XS
SM
MD
LG