Ссылки доступа

Рӯзноманигори фирории ӯзбек дар Киев боздошт шуд


Рӯзноманигори пешини радиои "Ӯзбекистон" Назрулло Охунҷонов, ки бо ҳадафи дарёфти паноҳандагӣ аз Туркия ба Украина рафт, дар шаҳри Киев боздошт шуд.

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" 27 сентябр аз мақомоти Украина хост, Назрулло Охунҷоновро раҳо кунанд.

Алексей Федоров, вакили дифои рӯзноманигор ба "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" хабар додааст, ки эҳтимол дорад, Охунҷонов ба Ӯзбекистон истирдод шавад. Додгоҳи Киев 27 сентябр қарор кард, рӯзноманигори ӯзбек то ҳал шудани масъалаи истирдодаш давоми 40 рӯзи оянда дар боздошт бимонад.

Охунҷонов 20 сентябр дар фурудгоҳи Киев боздошт шуд. Ин рӯзноманигор аз сӯи Интерпол ҷустуҷӯ мешавад. Мақомоти Ӯзбекистон Охунҷоновро дар қаллобӣ айбдор мекунанд.

Вакили дифои рӯзноманигори ӯзбек мегӯяд, зерҳимояаш айбҳои эълоншударо рад мекунад. Ин рӯзноманигор гуфтааст, Ӯзбекистонро бо сабабҳои сиёсӣ тарк кардааст. Охунҷонов чанд соли охир дар Туркия зиндагӣ мекард. Баъди бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар тасмим гирифт, ба Украина равад.

XS
SM
MD
LG