Ссылки доступа

Мудири пешини Китобхонаи миллӣ ва қудояш $2 ҳазор ҷарима шуданд (видео)


Сайфиддин Назарзода, раиси пешини Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои нақзи қонуни танзим ҳангоми баргузории тӯйи писараш дар ду моҳи пеш ба пардохти 12-уним ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан якуним ҳазор доллар ҷарима шуд.

Ин қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 28-уми сентябр содир гардид. Бар асоси ин қарор, Тоҷиддин Ҳабибуллоев, қудои Сайфиддин Назарзода 5 ҳазор сомонӣ (беш аз 500 доллар) ҷарима шудааст.

Қазияи Сайфиддин Назарзода яке аз аввалин ҳолатҳои ба додгоҳ кашида шудан ва ҷазои як мансабдори давлатӣ барои нақзи қонуни танзим аст. Сайфиддин Назарзода рӯзи 15-уми август, як ҳафта баъди пахши барномаи телевизионӣ, ки ӯро дар нақзи қонун муттаҳам мекард, аз мақоми мудири Китобхонаи миллӣ барканор шуд.

Сайфиддин Назарзода маъмурони Оҷонсии зиддифасодро, ки бо сабти лаҳзаҳои тӯйи писараш ин баҳсро то ба додгоҳ кашонданд, ба дахолат ба зиндагии шахсии шаҳрвандон муттаҳам кард.

Экс-директора НБТ и его свата оштрафовали на $2 тыс. за пышную свадьбу
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:46 0:00

Баҳси аслӣ бар сари теъдоди меҳмонони тӯйи писари Сайфиддин Назарзода буд. Мақомот бовар доранд, ки дар ин маърака теъдоди зиёди меҳмонон иштирок доштанд ва он муғойир бо қонуни танзим аст. Аммо худи Назарзода гуфт, "меҳмонҳо такрор ба такрор ҳисоб шудаанд. Дар тӯй на 247 нафар, балки 149-150 нафар меҳмон ҳузур дошт ва дигарон ашхоси барои мо ва қудоям ношинос мебошанд."

XS
SM
MD
LG