Ссылки доступа

Вазири тандурустии ИМА $400 ҳазори буҷаро сарфи парвозҳояш кард


Доналд Трамп, президенти ИМА аз харҷҳои ҳавопаймоии вазири тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоии кишвараш Том Прайс изҳори норизоӣ кард. Дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки оё президент вазирро сабукдӯш мекунад, Трамп гуфт: "Мебинем".

Трамп гуфт, аз хабарҳо дар бораи он ки Прайс на камтар аз 20 бор бо ҳавопаймоҳои хусусӣ парвоз кардааст, "норозист". Ин парвозҳо 400 ҳазор доллар харҷ доштаанд.

Палатаи намояндагони Амрико аз ҳукуматдорон хост, ки дар бораи истифодаи ҳавопаймоҳои ғайритиҷорӣ ё хусусӣ аз сӯи мансабдорони баландпоя бо ҳадафҳои расмӣ ва шахсӣ, иттилоъ диҳанд.

Прайс аз рӯи касбият пизишк аст, ки дар гузашта конгрессмен ҳам буд. Ӯ дар замони конгрессмениаш, соли 2010 Нэнси Пелосӣ, раиси вақти Палатаи намояндагонро барои парвозҳо бо ҳавопаймои хусусӣ танқид карда буд.

Ба ҷуз аз Прайс, ду узви дигари кобинаи вазирони ИМА барои парвозҳояшон танқид шуниданд.

XS
SM
MD
LG