Ссылки доступа

Парвандаи ҷиноӣ зиддӣ рӯзноманигор Ахмедяров қатъ шуд


Созмони ҳомии ҳуқуқи "Одилсоз" 28 сентябр хабар дод, ки парвандаи ҷиноӣ зидди муҳаррири нашрияи "Ҳафтаи Урал"-и Қазоқистон Лукпан Ахмедяров ба далели мавҷуд набудани таркиби ҷиноят қатъ карда шуд.

Зидди Ахмедяров баъди як суҳбати телефонияш бо пулиси маҳаллӣ Одил Турманов бо ҷурми таҳқири намояндаи давлат парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи он 29 июли соли равон оғоз гашт.

"Шахси намефаҳмидагӣ аст. Яъне, намехост дарк кунад, ки он замон аз шаҳр дур будам. Маҷбур шудам, такрор кунам, ки аз шаҳр дур ҳастам. Вале исрор мекард, ки бояд ҳозир шавам ва гӯиё ман ҳам он замон дар посух дашном дода бошам", - гуфт Ахмедяров дар шарҳи ҳозир нашуданаш ба шуъбаи пулис.

Ин рӯзноманигори қазоқ ҳангоми кори худ дар "Ҳафтаи Урал" борҳо мавриди ҳамла қарор гирифта, мансабдорони давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чанд бор ӯро ба додгоҳ кашидаанд.

XS
SM
MD
LG