Ссылки доступа

Созмондиҳандаи таркиши Қӯрғонтеппа ба ҳабси абад маҳкум шуд


Шарифҷони Зокир, сокини деҳаи Зарбдори шаҳри Қӯрғонтеппа ва яке аз омилони аслии таркиши маргбор дар маркази ин шаҳр, ки 12 марти соли равон як кушта бар ҷой гузошт, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Муҳаммад Кенҷазода, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 28-уми сентябр ҳангоми қироати ҳукм гуфт, Шарифҷони Зокир ҳамчунин ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИ) ва куштори як ҷавони ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон айбдор аст.

Додгоҳ бародари Шарифҷон ва хонандаи синфи нӯҳум Раҷабҷони Зокирро низ барои ҳамдастӣ дар анҷоми таркиши Қӯрғонтеппа 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Сокинони дигари Хатлон Равшан Файзиев, Рустамҷон Амирхоҷаев ва Саъдӣ Саидов барои шарикӣ дар анҷоми таркиш ва ҷиноятҳои дигар аз 13 то 15 сол зиндонӣ шуданд. Дар маҷмӯъ, ин афрод бар асоси даҳ банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла терроризму сохтани ғайриқонунии силоҳ айбдор шуданд.

Таркиш дар рӯбарӯи бинои Додситонии ҳарбӣ ва наздикии пойгоҳи 201-и Русия дар Қӯрғонтеппа шаби 12 марти имсол рух дод ва дар он Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, нигаҳбони литсейи техникӣ ҷон бохт.

Мақомот ҳодисаро расман кори ДИ унвон карданд. Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон гуфт, ки дар робита ба он панҷ нафар боздошт шудаанд, ки зиддашон бо бандҳои "терроризм", "қасди куштор", "нигаҳдории ғайриқонунии силоҳу маводи тарканда" ва "ташкили созмони тундрав" айб эълом шудааст.

Додситон гуфт, ин гуруҳ пештар низ дар Қӯрғонтеппа таркишеро анҷом дода буданд. Он замон маводи тарканда дар мошини яке аз кормандони ширкати мобилии "Билайн" насб шуда буд ва дар натиҷаи таркиши он касе осеб надид.

XS
SM
MD
LG