Ссылки доступа

Худдории вакилони дифои ӯзбек аз ҳимояти Нурулло Отахонов


Чанд тан аз вакилони дифои Ӯзбекистон аз ҳимояти нависандаи дигарандеши ин кишвар Нурулло Отахонов, ки баъди бозгашт ба ватан дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд боздошт шуд, худдорӣ кардаанд. Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон низ Отахоновро аз узвияти худ хориҷ кардааст.

Ҳамсари нависанда Гулнора Отахонова гуфт, баъди боздошти шавҳараш ба коллегияи вакилони дифои шаҳри Тошканд муроҷиат кард, вале якбора чанд вакил дархости ӯро рад кардаанд. “Ду се вакили дифоъ ба ман гуфтанд, ки мақомот онҳоро барои ҳимоят аз ҳуқуқи шавҳарам баъдан муҷозот хоҳанд кард”, - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Отахонова, муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Яшнободи Тошканд Музаффар Каримов компютер ва китоби нависанда -- “Ин рӯзҳо”-ро, ки дар Туркия нашр шуда буд, бо худ бурдааст.

“Дар хулосаи ташхиси Кумитаи умури дини Ӯзбекистон омадааст, ки китоби “Ин рӯзҳо” ақидаҳои ифротгароиро таблиғ мекунад. Ҳуқуқшиносон ба ман гуфтанд, ки агар ташхисгарони мустақил хулоса диҳанд, ки дар китоб ҳеч гуна ақидаҳои ифротӣ таблиғ намешавад, вазъ беҳтар хоҳад шуд”, - изҳор дошт Отахонова.

Ёдрас мешавем, Нуруллоҳ Отахонов, ки баъди ду соли фирори ихтиёрӣ 26 сентябр аз Туркия ба шаҳри Тошканд баргашт, аз тарафи пулис боздошт ва бо завлона ба идораи пулис интиқол дода шуд.

Гулнора Отахонова, ҳамсари нависанда гуфт, шавҳари вай дар паҳни ақидаҳои тундгароӣ дар китоби "Ин рӯзҳо"-яш айбдор мешавад. Ба гуфтаи муфаттишон, Кумитаи умури дини Ӯзбекистон китоби "Ин рӯзҳо"-ро тундгароӣ эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG