Ссылки доступа

Twitter беш аз 200 сафҳаи марбут ба Русияро баст


Ширкати Twitter беш аз 200 сафҳаи қалбакии марбут ба Русияро баст. 22 тои ин сафҳаҳо ҳамзамон дар Фейсбук низ фаъол будаанд.

Намояндагони Twitter рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи пӯшидаи кумитаи иктишофии Сенати Амрико гуфтаанд, Русия барои паҳни хабарҳои дуруғ дар давраи интихоботи президентии соли гузаштаи ИМА аз сафҳаҳои ҷаълӣ ва блокҳои интернетӣ истифода кардааст.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин гуфта шуд, ки телевизиони Russia Today соли 2016 барои нашри беш аз 1 ҳазору 800 хабари худ ба ширкати Twitter 274 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт кардааст. Ҷузъиёти ин хабарҳо ифшо карда намешавад.

Ба назари узви ҷумҳурихоҳи Кумитаи иктишофии Сенат Ҷеймс Ланкфорд, маҳз “фейкҳои рус” ба воситаи Твиттер ба авҷ гирифтани баҳсҳои марбут ба амали эътирозии футболбозон дар ҷомеаи Амрико мусоидат карданд.

Як қатор футболбозони ҳирфаии ИМА дар эътироз ба сиёсати пешгирифтаи пулис дар муқобили амрикоиҳои африқоӣ ҳангоми садо додани суруди миллии ин кишвар аз ҷойҳои худ баланд нашуданд.

Ин қазия баъди он ки президенти ИМА Доналд Трамп аз соҳибони клубҳои кишвараш хост, футболбозонеро, ки ба суруди миллии Амрико беэҳтиромӣ карданд, биронанд, чанд рӯзи охир мешавад, сархати расонаҳои Амрико қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG