Ссылки доступа

Вакили порлумони Қирғизистон 48 соат ба ҳабс гирифта шуд


Вакили порлумони Қирғизистон Канатбек Исоев, ки зиддаш бо ҷурми "омодагӣ ба ҷиноят", "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" ва "ғасби ҳокимият" айб эълон шудааст, 48 соат ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) иттилоъ доданд.

Бар пояи қонунҳои ин кишвар, тӯли 48 соат бояд роҷеъ ба ҳабси пешакӣ гирифтани Исоев додгоҳ тасмим гирад. Дар ҳоли ҳозир, вакили қирғиз дар боздоштгоҳи муваққати КДАМ Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад. Ин вакили қирғиз ҳамроҳ бо аъзои як гуруҳи ҷиноии муташаккил дар асоси парвандаи Додситонии кулли ин кишвар боздошт шуд.

"Бар пояи асноди парванда Исоев, ки яке аз ҷонибдорони фаъоли номзад ба мақоми президентӣ Омурбек Бабанов аст, бо мақсади ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби ҳокимият дар Қирғизистон бо аъзои гуруҳи ҷиноие забон як карда, мехостанд, гуруҳи ҷавононро интихобу омода кунанд ва баъди интихобот бо баҳонаи сохтакорӣ шудани натиҷаҳои он тазоҳуроти ғайриқонунӣ баргузор намоянд", - афзуд КДАМ.

Омурбек Бабанов 1 октябр дар як нишасти хабарӣ дар шарҳи боздошти ин вакили порлумони Қирғизистон гуфт, агар Исоев аз ӯ ҳимоят намекард, "бо ин мушкил рӯбарӯ намешуд".

XS
SM
MD
LG