Ссылки доступа

Отамбоев: Ҳамагуна талоши бесубот кардани вазъ дар остонаи интихобот қатъиян пешгирӣ мешавад


"Ҳама гуна талоши бесубот кардани вазъ дар остонаи интихоботи президентӣ қотеъона пешгирӣ мешавад", - гуфт президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш.

Тавре аз дастгоҳи президент иттилоъ медиҳанд, дар ҷаласа "амалисозии маҷмуи чораҳои омодагӣ ба баргузории интихоботи президентӣ бо назардошти таъмини амнияти миллӣ дар пасманзари боздошти вакили порлумон бо иттиҳоми талоши ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби ҳукумат бо роҳи зурӣ" баррасӣ шудааст.

"Дар шароити интихоботи президентӣ барои мо сулҳ ва якдигарфаҳмӣ дар кишвар муҳим аст. Мо набояд дар давраи муҳимтарини кишвар ба иғво дода шавем ва бояд суботу амнияти шаҳрвандонро таъмин кунем. Дар сурати ошкор шудани талоши ташкили бетартибиҳо бояд дар доираи қонун ҷазо дода шавад", - гуфтааст Отамбоев.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 30 сентябр вакили порлумони он кишвар аз ҷиноҳи "Қирғизистон" Канатбек Исоев ва чанд узви гуруҳи ҷиноиро бо гумони ғасби ҳукумат бо роҳи зурӣ боздошт кард.

XS
SM
MD
LG