Ссылки доступа

Дастгоҳи президент аз ҳукуматҳои маҳаллӣ хост, худситоӣ накунанд


Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар як нома аз раҳбарияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва идораҳои давлатии кишвар хостааст, ки дар вебсайтҳои расмӣ худситоиро кам карда, бештар дар фикри пешниҳоди иттилоъ бошанд. Ин ниҳод, инчунин, идораҳоро аз хатари шикаста шудани сомонаҳояшон ҳушдор додааст.

Ёқубҷон Уроқов, сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, дар мактубе, ки аз ҷониби дастгоҳ дарёфт карданд, гуфта мешавад, дар сомонаҳои расмӣ таърифу тавсифи масъулин камтар шуда, бештар маълумот ҷой дода шавад.

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар мактуби худ ҳамчунин аз идораҳои давлатӣ талаб кардааст, ки дар самти таъмини амнияти сомонаҳои худ корро ҷиддӣ бигиранд. Аз ҷумла дар ин нома гуфта мешавад, ки барои назорати сомона шахси алоҳида мутасаддӣ шавад.

Аҳлиддин Салимов, мутахассиси бахши амнияти рақамӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон аксари сомонаҳо дар платформаҳои куҳна сохта шудаанд ва аз ин хотир ба талаботи амнияти диҷиталӣ ҷавобгӯ нестанд. Ба қавли Салимов, вақти он расидааст, ки мақомот на танҳо ба фикри таъмини амнияти сомонаҳои расмӣ, балки барои аз шикаст эмин доштани почтаҳои электроние чора андешанд, ки тариқи онҳо маълумоти расмӣ фиристода мешавад.

Ҳамсуҳбатони мо аз бахшҳои матбуотии идораҳои давлатӣ, ки намехоҳанд номашон зикр шавад, мегӯянд, бюрократизм аз монеъҳои аслии саривақт пахш шудани хабарҳои расмӣ мебошад. Чун, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, дар мақомоти давлатӣ то ҳол қоидае боқӣ мондааст, ки ҳар иттилоъ танҳо баъд аз иҷозаи яке аз роҳбарони аввал дар сомона ҷой дода мешавад. Маҳз ҳамин ҳолат ба қавли масъулини бахши матбуотии мақомоти давлатӣ онҳоро маҷбур мекунад, ки баъди омода кардани иттилоъ соат ва ҳатто рӯзҳо мунтазир бимонанд, то роҳбари аввал онро аз назар гузаронда барои пахшаш иҷоза диҳад.

XS
SM
MD
LG